Дафни "сиёсӣ"


                                                                             (ҳикоя)



    Хуршед ба миёни гардун расида буд. Ҳарорати баланд нафаскашиву пахтачиниро сония ба сония душвортар месохт. Аксарият рӯйи пешдоманҳо нишаста, каме ҳам бошад, дамашонро рост менамуданд, вале мардони кӯлаҳпӯши химчабардастӣ дар атрофи пахтазор даврзанадаро дида дидан баробар, ба кор мепардохтанд. Кампир дарк намуд, ки дигар нерӯи ҳаракт намуданро надорад. Нафасаш мегирифт. Пойҳояш месӯхтанд. То ки посдорон ӯро набинанд, пешдоманашро зери сар гузошта  лаби ҷӯй дароз кашид. Хаёлот ноаён ӯро ба олами дури рӯзгори гузашта бурд... Духтарчаи кучак аз паси баррачаҳо медавад, меафтад, боз мехезад, баррачаеро ба оғӯш кашида ба сӯйи тифлони нимбараҳнаи ӯро интизор мешитобад... Деҳаи хурди дар доманаи кӯҳ часпида, абрҳои чун пахта сафеду дамидаи оҳиста ба дараи канор ҳаракат намоянда... Садои дафу рубоб, ӯро аспсавор ба ҳавлии домод мебаранд, пойандозкашии ҷавонмардон. Ӯ пешдастӣ намуда пойи домодро зер мекунад. Фарзанди нахустин. Доду фиғон. Муҳоҷират...
  


Бӯйи нафратангез ба машомаш бизад. Сар бардошта нигаҳаш ба расми азими подшоҳи низомиипӯш, ки дар ҳисори канори роҳ рост намудаанду бо такаббур ба издиҳоми аз поён ба ӯ санохонандаву саҷдаоранда менигарист, бархӯрд. Гаранг буд, ки бӯй аз куҷост? Дар тарафи ховари гардун таёраи дуршавандаро дида дарҳол дарк бинмуд, ки ҳавонавард иштибоҳан боз ба сари онон заҳр пошидааст. Пахачинон пайи ҳам ба сӯйи хирман равона буданд. Норозиёна аз ҷояш бархост. Зӯраш барои лингаро ба мизон овехтан нарасид. Ҳисобчӣ:даҳ кило пахта чиндаию ба ҳамон ҳам зурат намерасад,- гуфта ғур- ғур карда монд. Косаи кӯчаки арзизиашро гирифта дар саф биистоду кафлес ду маротиба ба тарафи он таъзими норозиёнае бинмуд. Нони нимхушки аз хона овардаашро  реза намуда ба шӯрбо, ки дар он ду-се макарону пиёзи нимсӯхате  шино дошт, партофт. Кӯдакони нимбараҳнаву ифлос, ки то кунун зери назорати кампире буданд, модаронашонро дида гирёну фиғонкунон сӯйи онон шитофтанд, саросема ба ширмакӣ оғоз намуданд. Бечора модарон намедонистанд шир бимаконанд, ё худ хӯрок бихӯранд. Кампир  ду-се чумча хӯришро ба даҳон бурд, дилаш чизе намекашид. Бӯйи заҳри пошида ҳоло аз машомаш дур нагашта буд. Хост боз чумчае бигирад, вале аз он чизи ғайре берун омад. Бо диққат аз мадди назар бигузаронид. Худоё, ин чист? Саргини маркаб? Бихост ба назди кафлезбадастон рафта шӯре барангезад, вале биандешид, ки бо ҳақиқатгузориаш ба иштиҳои  ин ранҷкашон зомин хоҳад бишуд, ғазаби хешро фуру бурд. Ҳамин ҳин посдорони кулаҳпӯш ба давутоз даромаданд. Машинаи сияҳранге бо шаст омада  дар канори роҳ бозистод. Аз он марди пиҷаки чарминпӯше берун шуд. Аҳли рикоб фавран ба хизмат омода гаштанд. Ӯ нӯги дасти чун дастони бонувон сафеду нозукашро саҳл дароз намуда бо саркору ҳисобчӣ вохӯрд. Кулаҳпӯшон ӯро ба назди кампир хонда бо забони русӣ ким-чиҳо гуфтанд. Пас аз он марди чарминпӯш  дуру дароз сухан ронд, кампир чизе нафаҳмид, ҳатто  чашмони нотиқ зери айнак ниҳон буд. Баъди рафтани онон кампир ҳамсояшро пурсид, ки айнакӣ чиҳо гуфт? Зан посух дод, ки у низ чизе нафаҳмидааст. Пас аз пурсиши тӯлонӣ ба хулосае  омаданд, ки духтараки миёнасоле маънои суханрони сиёҳпӯшро дарк намудааст. Ӯ гуфтааст, ки кампир Садафмоҳ ба пириаш нигоҳ накарда, чун ветерани меҳнат ба майдони ҳарбу зарб баромада, ба ҷавонон ибрат меомӯзад. Дар бораи ваъзияти байналхалқӣ гап зада гуфтааст, ки душманон ба мо таҳдид намуда истодаанд, бинобарин шабу рӯз нагуфта бояд заҳмат кард. Ва боз ваъда додааст, ки ба кампир ду ҷуфт калӯш тӯҳфа хоҳад намуд.
 - Худаш тоҷику аз забонаш шарм медорад - гуфт яке аз занҳо.
 - Эй дугонаҳои содда, ба забони тоҷикӣ моён барин бесаводу деҳотиён  гап мезанем, дигарҳо шарм медоранд.
 - Раҳматӣ бобояш дар ҳавлии Мирзораҳимбой мегӯянд, як умр хизматгор будааст. Падараш то рӯзи охири ҳаёташ мурдашӯйиву носфурӯшӣ мекард. Гардиши аёмро бинед, ки иннаш аз авлоду  забону урфу одаташ ҳазар мекунад, илова намуд кампир.
  Ин лаҳза кулаҳпӯшони химчабардаст ба сарашон рост шуданд. Омадани онон далели он буд, ки сонияҳои ба корзор даромадан даррасидааст. Кампир бо азобе пайкарашро рост намуд, вале нерӯи роҳпаймоиро надошт ва дар баданавш заифиеро  ҳис намуд. Ин маротиба аз канори майдон ҷӯйакеро бигирифт. Дуру дароз сарашро дошта истод. Аз дур шамол садои радиоро мовард:"Ҳар як миллатро шахсиятномае хос аст, якеро аз симои арбобони сиёсату санъат, дигареро аз ахтарони адабиёту фарҳанг мешиносанд, вале миллати моро  тиллои сафед машҳури чаҳон гардонд. Ҳар тоҷикро дар марказ ё хориҷ вохӯранд, баъди салом аз пахта пурсон мешаванд..." Ҳис намуд, дигар имконияти заҳмат намуданро надорад. Ба атроф нигарист, кӯлаҳпӯшон наменамуданд. Ба хотираш даррасид, ки субҳ дар ҳавлии ҳисобчӣ гӯсфандеро сар зада истода буданд, ҳоло меъдапуркунӣ дар авҷ аст. Пешдоманро зери сар гузошта дароз кашид. Ба машомаш аз нав бӯйи заҳр бирасид... "Азизонам, баҳри чӣ шумоён маро тарк намудед... Худоҷон, гуноҳи мани сарсахт чӣ буд, ки онҳоро аз ман рабудаӣ, беҳтараш маро бо онон мебурдӣ..."
   Субҳгоҳон чинакчиён аз канор ҷуяк бигирифтанд. Шабнам ҳоло натаробида буд. Кӯлаҳпӯшон шояд дар болинҳои нарму гарми оҳардодаашон хобҳои заррин медиданд. Духтарчаи аз дигарон пеш гузашта, ногаҳ доду фиғони даҳшатангези имдодталабонае бардошт. Наздаш шитофтанд, вале ӯ нерӯи сухане ба забон оварданро надошт. Мардони ба кумаки  духтарча расида, ҷасади  зери шабнам мондаи кампирро диданд. Чунон фарёди мудҳише бархост, ки ҳатто хома дар тассаввураш оҷизӣ аст. Ҷасадро ба канори пахтазор бароварданд ва мӯйсафедон хостанд ба хонааш баранд, вале кулаҳпӯшони даррасида дархост намуданд, ки мурдаро дар бошишгоҳ шуста канори пахтазор дафн намоянд. Ҳамагон зидди ин ақидаи аблаҳонаву гӯшношунид норозигӣ баён карданд, вале кулаҳдорон таҳдид намуданд, ки дафни кампир кори сиёсист, касоне муқобили ин фикранд ба иштибоҳи авфнопазири сиёсӣ роҳ хоҳанд дод. Ошӯбгарон пайи ҳам хомӯш мегаштанд. Дигар чӣ ҳам мегуфтанд,  калимаҳои  ваҳмагези "хатои сиёсӣ", ки дар вақташ  ба сари аксарияти аҷдодонашон об рехта буд, ононро ба ба даҳшат  наоварда наметавонист. Ҷасади бесоҳибро касе сидқан дифо накард. Садои ҳодисаи ғайриоддй дар ноҳия  чун барқ паҳн гашт. Фавран шахсони расмӣ гирд омаданд. Пеш аз дафн ҷамъомади пурдабдабае барпо гардид. Онро котиб бикушод: "Рафиқон! Имрӯз мо дар дафни шаҳид, мубориз баҳри ҳар як грамм пахта Садафмоҳ Холова ширкат варзида истодаем. Кампир Садафмоҳ ба пириаш нигоҳ накарда ба саҳро мебаромад, то грамме  аз тиллои сафеди азизи мо ройгон  наравад, гарчанде, ки ӯро дар хона шароити  олиҷаноби зист интизор буд, вале садои виҷдон ӯро ором намегузошт ва ҳанӯз субҳ надамида ӯ дар пахтазор буд. Пахта чун номуси  ватану модар баҳри мо дар як саф меистад..." Боз ду - се нафар аз кулаҳпӯшон баромада дуру дароз ҳарф заданд. Дар интиҳо риштаи суханро ба саркор доданд. Як - ду ҷумла ба рӯсӣ бигуфт, дид ки забонаш напечида истодааст, ноилоҷ ба тоҷикӣ гузашт.Кулаҳпӯшон фавран ба миш -  миш даромаданд...
   Кампирро дар теппачяаи байни пахтазор дафн намуданд. Бидуни ду - се мӯйсафед ҳама фавран пароканда шуданд. Аз боло шоҳ ба оромгоҳи қурбонии вопасини нуфузу тахту тоҷаш бо тамасхур менигарист.

                                      
                                        Ҳабиб Саид        соли 1989          Душанбе