Вопасин тоҷик аз сайёраи " Эҳёи маҳвгаштагон"



                                                                   (ҳикояи тахайюлотӣ)



     Осорхонаи Фаноро гӯё интиҳо набуд. Дар он ҳайвоноту наботот, қавму миллатҳои маҳв гаштаро гирд овардаанд. Намоишгоҳи динозаврҳо ӯро бо шаҳомоти хеш мутаҳайир сохт. Хост толори "Садаи вопасин"-ро сатҳӣ аз назар гузаронаду бадар биравад, зеро худро хаста ҳис мекард, вале дар сафи рустаниву паррандагон марди ҷомаву тоқипӯшро дида ҳайрон шуд. Сатрҳои зери хӯса сабтшударо хонд:"Вопасин тоҷик". Яке аз он миллатҳое,ки дар рушду камоли тамаддуни инсоният нақши назаррасе бигузоштааст. Дар садаи вопасин, бӯҳронҳои иқтисоди, иҷтимоиву маънавии ҷомеъа ба  арши аъло расид ва ин миллат фано ёфт... -Худоё, наход ин хилатпӯш ҳамнаждоди ӯст. Гинетикҳо тавассути ҷасаде, ки аз зери пиряхҳо берун кашидаанд ва ҷавҳари ӯро аз он фард эҳё сохтанд. Боре сарвари озмоишгоҳ зимни сӯҳбат хотиррасон намуд, ки шаҷараи ӯ аз миллати  тоҷик  оғоз мегирад. Он сонияҳо тасcаввурот надошт, ки чунин қавме вуҷуд доштааст ва ба он суханон таваҷҷӯҳ зоҳир накард. Лаҳзаи тӯлоние, чун афсунгашта ба хӯса нигариста истод.

 
Пас аз пажуҳишиу омӯзиши анбӯҳи маълумотҳои мухталиф ба хулосае омад, ки аҷдодонашро тарсончакиву хушомадзанӣ, манқуртиву бемеҳрӣ нисбати ҳамқавмони хеш, хамдигарро баҳри мансаб фирефтану фурӯхтан, пансексуализиму гедонизими оли ба вартаи  нести кашидааст. Маълумотҳои гирдовардаро компютер таҳлил намуда чунин ташхис гузошт:
  1. Гаҳвораҳои миллат - Самарқанду Бухороро ба пантуркистон "хадя" намудану инро падидаи интернасионализим ҳисобида кафкӯбӣ кардан.
  2. Баҳри ояндаи ҳубобӣ гузаштаро зеру забар сохтан. Омезишдиҳандаҳои сунъӣ ва тадриҷан симои худро гум кардани миллат.
  3. Нафсонияту шаҳвониятро ба дараҷаи аъло расонида аз дарду азоби миллат дурӣ ҷустан.
   4. Ғуломӣ. Афкори ғуломона.
   5. Ҳамнаждодони хешро зери по намудану бегонагонро  чун бут парастидан.
   6. Соҳиби меҳан набудану худро дар он сайёҳ пиндоштан.
   7. Вуҷуд надоштани шарафу ғурур. Хомӯшии шӯълаи илоҳӣ дар рӯҳ. Қашшоқии маънавӣ.
   8. Сарварии миллатро ба ихтиёри авомзодагону бӯқаламунҳо во гузоштану ашрофзодагону равшанзамиронро рӯҳану ҷисман маҳв намудан.
   9. Маҳалгаройӣ. Мансабпарастон баҳри манфиатҳои гӯруҳии худ дохили миллат низоъ андохта ба он дараҷа расондаанд, ки намоядаи ҳар як русто, худро марбут ба дигар миллат медонисту омода буд,ки сокини деҳаи ҳамсояро чун душмани ҷони нобуд созад ва ин миллатро аз ваҳдат боздошта ноаён ба коми фано кашид.
   Чунин иллатҳоро перомуни гузаштагонаш фаҳмидан баҳраш ниҳоят гарону аламовар буд.
 Наход онон то ин дараҷа ноҷизу ношуд, гӯлу нодон буданд?...
   Девонагон барин рӯзҳоро  дар чангалзорон шом менамуд, намедонист чӣ тавр аз фазои фикрҳои вазнину дилрешкунанда раҳо ёбад ва билохир ба ин ақида омад, ки ба зиёрати қабристони бобогӣ биравад.
 
         Сафина  дар бадани кӯҳ биншаст. Атрофро баҳрҳои сунъӣ иҳота  намуданд. Пас аз зилзилаи даҳшатангез, ки силсилаи  дарғотҳою иншоотҳои обию барқиро, ки саросари  кишвари кӯчаку камзаминро фаро гирифта буданд, канда шуданду ҳамаро дар сари роҳи хеш сарнагун сохтанд ва бо ҳамин  сарнавишти аждодонаш анҷом ёфта, аз муборизаи  баъдин  баҳри зист дар зери партави хуршед маҳрум бигаштанд. Ӯ андешамандона ба поён фаромад. Ранги сияҳфоми оби сард гӯё далели сугворӣ аз ёди он рафтагон  буд. Муддати мадиде  ба он нигариста монд. Чашмонаш ғарқи сиришк шуданд. Ҳамаашон он ҷо дар хоби абадианду дигар ҳеҷ гоҳ дидаи хешро  во нахоханд сохт, онон ба ҷойи он ки баҳри ояндагон меҳани гулгулшукуфон бигзоранд, қабристоне дар оғӯши оби сард  монданд...
            Чӯби пӯсидае, ки мавҷ ба сохил  партофт, риштаи хаёлоташро бурид. Дуру дароз онро  муоина намуд. Нахуст ба чизе сарфаҳм нарафт, билохир ба хотираш расид, ҳини омӯзиши таърихи ниёгон  бо чунин тасвири ҷузъиётҳои наҷҷорӣ дучор гардида буд. Бале, дар дасти ӯ пораи гаҳвор аст. Дигар гаҳвораи миллати ӯ намеҷунбад. Нишонаи охирини миллатро бо хеш гирифта ба киштӣ нишаст. Муддати зиёде давр бизад, вале бидуни  обу қуллаҳои  тиҳӣ чизеро дучор наомад. Кӯҳҳо сипарӣ гаштанд ва сафина ба водӣ фаромад. Он ҷой ҳам ҳол чунин буд. Аҷоибаш он ки қисми болоии манораҳои Регистони Самарқанд аз об берун буданд. Ин нишонаи вопасини миллат аз гаҳвораи хеш буд. Ба хотираш бирасид, ки ба наздикӣ сайёраи ҷадидеро дар Каҳкашон баҳри зистан кашф намуданд. Бояд ӯ дар он  кишвари навин аждодони кӯҳанашро эҳё бинмояд.
                                                         


                                        Ҳабиб Саид     соли 1989     Душанбе