Яғмогарон ва "умри абадӣ"
                                                                          

                                                                                               (ҳикояи ҳаҷвӣ)





  Чароғро хомӯш сохту вориди бистар гашт. Завҷааш бо маром хуррок кашида фикру хаёлро пароканда месохт. Бо туппӣ бинии ҳамсарашро пӯшонд ва садои хурроккаши нисбатан пастар шуд. Андешаҳо боз ба фазои нахустин баргаштанд. Бале, ниҳоят дар сини панҷоҳунуҳсолагӣ мақсади ҳаёти хешро амалӣ намуд. Бо чӣ азобу шиканҷаҳо, хушомаду пешомадҳо, дастовезҳои гарону зиёфатҳои ҷамшедона фарзанди аз ҷон азизу  ширинаш, китоби хотироту ашъораш - "Умри абадзиндаи ман - ифтихори миллати ман"-ро аз дасти чоп берун овард. Пас умри азизу пуршарафаш ройгон нарафтааст. Номи муборакаш абадан дар дафтари таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид. Исми омӯзгори рустоӣ - Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абдунорро, ворисон дар сафи номҳои мубораки Рӯдакию Фирдавсӣ, Хаёму Саъдӣ ба забон хоҳанд гирифт. Кунун ягон бӯроне, тӯфоне, зилзилаву офате фарзанди маҳбубашро маҳв сохта наметавонанд. Ӯ чӣ гуна падар аст, ки ғами фардои фарзандашро нахӯрад. Ҳоло он дар ҷоҳи семетра дохили халтаи селофанию сандуқи фӯлодин хобидааст. Ӯ ҳатто он чизро зикр  накмуда монд, ки бисёре аз бузургон ба эътибор нагирифтанд, дар тахтаи махсуси фӯлодин миллаташро бо ҳарфҳои калон - тоҷик навишт, то рӯзе ӯро узбак нахонанд. Асрҳо мегузаранду бостоншиносон фарзанди ӯро аз асорат берун хоҳанд овард ва он лаҳза номи Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абунор вирди забони наслҳои ҳазорсолаи панҷум хоҳад гардид...
   
Ба гӯшаш садои гуфтугузоре расид. Нимхез шуда гӯш бақимро истод. Кунун ардабаи ду нафарро баръало шунид. Кӯрпаро яктарафа партофта аз болин хест. Дар торикӣ пойафзолашро бо  азобе ёфта берун баромад. Чароғчаи дастиву асоро бо худ гирифт. Барфи майдае меборид. Зери по лағжонак буд. Чароғро фӯрузон насохт, то ҷанҷолкунандагон наздикшавиашро дарк насозанд. Аҷоибаш он буд, ки  садо аз назди ҷоҳи ӯ кофта меомад. Арбадакунандагон болои сарашон рост шудани пайкарро дарк насохтанд. Онҳо якдигарро лагадкӯб мекарданд, дашном медоданд, мегазидан, мехарошиданд. Қаддарозаш дастонашро ба бағали марди кулӯлаи наҳифпайкар андохта фарёд зад:
   -Те мегуям, номард, тиллоя пинҳон кардию боз мункир мешави? Ман се  соат замин кофтам, ки қоғазу китоб гирифта бароям.
   -Дарози аҳмақ, худат бо чашмонат дидӣ, ки аз сандуқча китобу сурат ва боз ким чи хел қоғазҳо баромад.
   -Номард, Абдусаттори Нора аҳмақ ҳисоб кардаӣ, ки ду ҳафта шаби дароз замин мекофтаасту баъд ким чи хел китобу қоғазҳоро гӯр мекардааст. Дароз ба доду фиғони кулӯла  нигоҳ накарда шиму эзорашро кашида дуру дароз афшонд, дид ки чизе наафтид аз нав  часпида куртаву ҷомаашро бадар сохт. Ин даъфа ҳам аз зар нишоне набуд. Аз ноомадӣ ғайричашмдошт чун дарранда ба шӯр омада дастони хоколудашро ба даҳони калта бурда забонашро аз он кашида берун овард аз зери он чизе наёфта доду фиғонаш ба фалак печид. Калта аз ҷояш хеста либосашро ҷустанӣ шуд. Ногаҳ нигоҳаш ба боло афтод. Суроби сафедпӯшро дида "воҳ" гуфту дар ҷояш афтод. Дароз, ки ҳоло ҷустуҷӯйро идома медод, ва воҳ гуфтани ҳамроҳаш ба боло нигариста "та...та...та..." гӯён  дар ҷояш чун сутун сарнагун афтод. Суроб низ дилашро дошта дар ҷояш нишаста монд.

           

                                  Ҳабиб Саид      соли 1988       Душанбе